wrapper

Хабарҳо

   Дар Раёсати андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти кормандони мақомоти андоз бо соҳибкороне, ки қадамҳои нахуст дар роҳи соҳибкорӣ гузоштаанд, баргузор гардид. Аксарияти ин соҳибкорон фаъолияти соҳибкории худро бо патент ва шаҳодатнома шурӯъ кардаанд ва бештари суолҳояшон ба ҳамин мавзӯъҳо робита доштанд. Яке аз соҳибкорони инфродӣ суол кард, ки оё бо патенти ба номи як нафар сабтшуда, нафари дигар метавонад бо пардохти андози иҷтимоию андози даромад фаъолият намояд?

   Сармутахассиси шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупо­рандагони Раёсати андоз дар вилоят Некбахтхотун Мамад­назарова гуфт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 августи соли 2012 таҳти рақами 451 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбан­дии соҳибкороне, ки тибқи шаҳодатнома ва патент фаъо­лият мекунанд”, қарор қабул кард. Мақсади қарори номбурда сарфа намудани вақту маблағ ва ба роҳ мондани ҳамкории шафо­фу судманд байни соҳибкорону кормандони нозироти андоз мебошад. Яке аз дигар ҳадафҳои қарори мазкур ба замони му­осир мутобиқ кардани низоми бақайдгирӣ ва пардохти андоз аз фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар мебошад. Мутобиқи ин қарор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ метавонанд бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ба фаъо­лияти соҳибкорӣ машғул шаванд.

   Соҳибкори инфродӣ метаво­над бо як варақи патент фаъоли­яташро ба роҳ гузорад.Бо ибораи дигар, соҳибкори инфродӣ ҳақ надорад аз ду ва ё зиёда варақи патенту шаҳодатнома истифода кунад. Дар рафти санҷишҳое, ки кормандони андоз анҷом медиҳанд, баъзан ба мушоҳида мерасад, ки як соҳибкор патент мегирад ва баъдан он даст ба даст меравад. Ин кор тамоман мамнӯъ мебошад. Маблағи патент вобаста ба номгӯи фаъолияти соҳибкорӣ ба таври мушаххас муайян шуда­аст. Ин андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромад мебошад. Ба ҷуз ин, шахсе ки мутобиқи патент фаъо­лият мекунад, бояд андозро пеш­пардохт кунад, коргари кирояро истифода накунад, бо воридоту содироти молу маҳсулот машғул нагардад. Ҳамчунин, дар як соли тақвимӣ даромади умумияш аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд набошад.

   Як соҳибкори дигари инфродӣ гуфт, ки андозҳои худро сари вақт пардохт намудааст, аммо ҳангоми санҷиши санади муқоисавӣ расидҳои бонкиро пайдо накард ва кормандони нозироти андоз ӯро ҷарима бастанд. Оё ин амали онҳо мутобиқи қонун аст? Дар посух ба ин суол сармутахассиси шубаи хизматрасонии раёсати мазкур гуфт, ки ин иштибоҳи маъмулии соҳибкорони навамал аст. Иддае аз онҳо расидҳои бон­киро нигаҳдорӣ намекунанд ва ҳангоми тартиб додани санадҳои муқоисавӣ байни соҳибкор ва кор­манди нозироти андоз нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд. Ба мақсади аз байн бурдани чунин баҳсу мунозираҳо соҳибкорон бояд расидҳои бон­киро мудом ҳифз намоянд ва ҳамасола бояд дар семоҳаи ав­вали сол ба нозиротҳои андози маҳалли сабташон пешниҳод кунанд.

   Аксари аз соҳибкорон, ки бори аввал ба фаъолияти соҳибкорӣ шуғл меварзанд, фарқи байни патент ва шаҳодатномаро чандон дуруст дарк намеку­нанд. Некбахтсултон Мамадназарова ба тав­ри содаву оммафаҳм ба соҳибкорон ин масъ­аларо низ шарҳу тавзеҳ дод.

   Боз як фарқияти дигар байни патент ва шаҳоатнома ба ҳаҷми умумии маблағи он дар як сол бастагӣ дорад. Барои шахсо­ни воқеӣ, ки бо шаҳодатнома фаъолият мекунанд, то 1 миллион сомонӣ муқаррар шудааст, аммо шахсоне, ки бо патент фаъолият мекунанд ҳаҷми маблағи умумии онҳо набояд аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд бошад. Ин гурӯҳи соҳибкорон уҳдадор ҳастанд, ки дар фаъолияти худ ҳатман мошини назоратӣ- хазинавии дорои хотираи фискали­ро истифода кунанд, ба мақомоти андоз мутобиқи нақшаи пешбини­шуда эъломияи андоз ва ҳисоботро пешниҳод намоянд. Он гурӯҳи соҳибкороне, ки хоҳони қатъи фаъолияти соҳибкорӣ ҳастанд, аз ин тасмими худ бояд сари вақт мутахассисони бахши бақайдгирии соҳибкорони инфродӣ ва шахсо­ни ҳуқуқиро ба таври хаттӣ огоҳ кунанд. Яъне пешниҳоди аризаи хаттӣ шарт ва зарур аст. Дар асоси ҳамин ариза онҳо аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳамчун андозсупо­ранда бароварда мешаванд. Баръ­акси ҳол чун андозсупоранда боқӣ мемонанд ва дар назди мақомоти андоз яке аз қарздорон ба шумор хоҳанд рафт, то даме ки худро аз қайди давлатӣ берун накардаанд.

   Иштирокчиёни мизи гирд ба дигар суолҳои худ низ посух ги­рифтанд. Сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупоран­дагони Раёсати андози вилоят Некбахтсултон Мамадназарова аз соҳибкорони инфиродӣ даъват на­муд, ки бо кормандони нозиротҳои андоз мустақиман ва ё тавассути шабакаи интернет робита барқарор кунанд.

Довари БОВАР

41 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав coach outlet store Сешанбе, 20 Августи 2019 10:50 навиштааст coach outlet store

    I enjoy you because of all of the effort on this blog. Debby enjoys doing investigations and it is simple to grasp why. My partner and i know all of the lively mode you produce priceless guidelines on this web site and as well increase participation from other individuals on the content while our favorite daughter is really starting to learn a whole lot. Take pleasure in the rest of the year. You have been performing a really good job.

  • Навиштани шарҳи нав nike air vapormax Сешанбе, 20 Августи 2019 02:55 навиштааст nike air vapormax

    I intended to compose you the bit of word just to say thanks again for these amazing pointers you have shown in this article. This is really surprisingly open-handed with people like you to present unhampered what some people would've distributed as an ebook in order to make some bucks for their own end, and in particular now that you could have tried it in case you desired. Those tips additionally worked to become fantastic way to realize that many people have similar fervor like my personal own to figure out very much more in terms of this matter. I'm certain there are some more pleasant instances in the future for people who read through your website.

  • Навиштани шарҳи нав vapormax Душанбе, 19 Августи 2019 21:18 навиштааст vapormax

    I and my friends have been looking at the best information located on your web page then before long I got an awful suspicion I never expressed respect to you for those techniques. All the people ended up absolutely warmed to study all of them and already have very much been taking advantage of those things. I appreciate you for genuinely quite kind as well as for using variety of beneficial information most people are really needing to know about. My personal honest apologies for not expressing gratitude to you earlier.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF