wrapper

Хабарҳо

   Ба муносибати Рӯзи кормандо­ни мақомоти молия рӯзи 7 декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конферен­сияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои таъмини рақобатпазирии институтҳои моли­явии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ша­роити ҷаҳонишавии иқтисодиёт” доир гардид. Дар он муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратов, мутахассиси шуъбаи идоракунии буҷети мақомоти мо­лияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Хоҷаева, сардори шуъбаи рушди маъму­рикунонии андози Кумитаи ан­дози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирҷон Вазиров ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

   Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров кушода, иброз дошт, ки мукаммалгардонии низом ва муносибатҳои молиявӣ дар киш­вар яке аз масъалаҳои калидӣ ва стратегӣ маҳсуб меёбад. Дар замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ташаккули низоми молияи давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда шудаанд, ки имрӯз дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши муҳим до­ранд. Низоми идоракунии молиявӣ ин низоми устуворест, ки дар таъми­ни самаранокии сиёсати молиявӣ, аз он ҷумла сиёсати фискалӣ, на­зорати молиявии давлат, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи мазкур хизмат менамояд. Ҳамчунин донистани қонуниятҳои инкишофи муносибатҳои молиявӣ имконият медиҳад, ки дигаргуншавии онҳоро дар давраи муосир ва оянда пешгӯӣ намуда, муътадилии молиявиро дар кишварамон ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ таъмин намоем.

   Баъдан Г.Ҳоҷиева баромад кар­да, ҳамагонро бо Рӯзи кормандони мақомоти молия табрик гуфт ва муъ­тадилии молиявиро омили асосии устувории давлат номид.

   Дар идома Сироҷиддин Икромӣ дар мавзӯи “Рақобатпазирии ташкилотҳои қарзӣ дар шаро­ити муосир” баромад кар­да, нишондиҳандаҳои асосии рақобатпазирии бонкҳоро дар кифоягии сармоя, пардохтпазирии бонкҳо, сифати дороиҳо, фоида­нокии бонк, рушди шабакаҳои хизматрасониҳо (фарогирии молиявӣ), навъ, сифат ва нархи хизматрасонӣ, сатҳи боварии аҳолӣ, тахассуси кормандон, мувофиқатии сиёсати бонк бо манфиати муштари­ён, барномаҳои бонкӣ аз ширкатҳои бонуфуз ва фаъолияти шаффофи бонкҳо номид.

   Ҳамчунин, Икромӣ С. барои таъ­мин ва идоракунии рақобатпазирӣ чанд пешниҳод кард, аз ҷумла пешниҳоди молу хизматрасониҳои нав, васеъ намудани иштирокку­нандагони низоми бонкӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти бонкҳо, беҳтар намудани идоракунии корпоративӣ ва монанди инҳо.

   Корманди Кумитаи андози наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Вазиров дар мавзӯи “Рушди инноватсионии маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад карда, мақсади рушди маъмурикунонии андозро дар осон кардани кори андозсупорандагон ва сарфаи вақт маънидод кард. Мавсуф ба воситаи слайдҳо со­монаи Кумитаи андозро, ки фаъол буда, ҳамаи амалиётҳои онлайнӣ тавассути он амалӣ карда меша­ванд, муаррифӣ намуд, аз қабили пешниҳоди ҳисобот, номнавис кардан барои қабул, онлайн-мушо­вир ва ғайра. Инчунин, механизми пардохти андозҳоро бо истифодаи кортҳои бонкӣ шарҳ дода, бар­тарияти онро дар сарфаи вақт ва шаффофият маънидод кард.

   Конфронс дар бахши молия ва қарз ва бахши масъалаҳои умумииқтисодӣ идома ёфта, дар он масъалаҳои нақши молия дар рушди иқтисодиёти миллӣ, исти­фодаи самараноки механизмҳои молиявӣ дар танзими давлатии рушди бозори коғазҳои қиматнок, дигаргуншавии муносибатҳои молиявӣ ва таъсири он ба сиёса­ти муосири молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳогузории низоми андози миллӣ ва зарурати он дар шароити иқтисоди бозорӣ баррасӣ гардиданд.

   Дар охир аз рӯи баромадҳо ба вазорату ташкилотҳои дахлдор таклифу пешниҳодҳо карда шуд.

Машҳура АБДУЛЛОЕВА

Последнее изменение Чоршанбе, 16 Январи 2019

5278 Шарҳҳо

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF