wrapper

Хабарҳо

Боҷу Хироҷ

Боҷу Хироҷ

Муоинаи хронометражӣ чиро ошкор кард?

  Муоинаи хронометражӣ шакли назорати андоз буда, аз тарафи мақомоти андоз бо мақсади муқаррар намудани даромади воқеии андозсупоранда ва манбаи андозбандишаванда анҷом дода мешавад.

   Муовини сардори Нозиро­ти андоз дар ноҳияи Балҷувон Карим Мусоев иттилоъ дод, ки дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони андози ноҳия дар фаъолияти 7 нафар соҳибкор муоинаи хронометражӣ гузаронида шудааст, ки дар натиҷа маблағҳои иловагӣ ошкор гар­диданд. Ҳамчунин, дар ин давра ҳангоми гузаронидани муоинаи хронометражӣ дар фаъолияти соҳибкорони ноҳия 43 ҳазору 447 сомонӣ маблағҳои пинҳоншударо ошкор намуданд.

Муфассал ...

ФАРҚИЯТ ДАР НИШОНДИҲАНДАҲО

   Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иш-тироки сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андоз Нарзулло Маликзода, сардори шуъбаи ташкили андозбандӣ Собирҷон Исоев, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе Додхудо Абдуллозода ва андозсупорандагоне, ки дар ошхона, тарабхона ва қаҳвахонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ба омода ва фурӯши таом машғуланд, семинар – машварат баргузор гардид.

Муфассал ...

Қурби доллар коҳиш меёбад

   Бо навбат қурби доллар коҳиш меёбад. Тавре коршиносон пешгӯ кардаанд, қурби доллар то 30% коҳиш ёфта, мавқеашро ҳамчун асъори захиравӣ аз даст медиҳад, бо вуҷуди он ҳангоми ҳисобҳо аз асъори амрико даст кашидан ҳанӯз барвақт аст.

  Тавре коршиносон гуфтаанд, қурби доллар коҳиш ёфта дар дур­намо мавқеашро дар бозори ҷаҳон пурра аз даст медиҳад.

Муфассал ...

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF