wrapper

Хабарҳо

Боҷу Хироҷ

Боҷу Хироҷ

Рақобатпазирии ниҳодҳои молиявӣ

   Ба муносибати Рӯзи кормандо­ни мақомоти молия рӯзи 7 декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конферен­сияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои таъмини рақобатпазирии институтҳои моли­явии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ша­роити ҷаҳонишавии иқтисодиёт” доир гардид. Дар он муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратов, мутахассиси шуъбаи идоракунии буҷети мақомоти мо­лияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Хоҷаева, сардори шуъбаи рушди маъму­рикунонии андози Кумитаи ан­дози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирҷон Вазиров ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Муфассал ...

Қонунвайронкуниҳо ҳатман ошкор мешаванд

   Дар натиҷаи амалиёти Гурӯҳи корӣ, ки дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд гузашт, 6900 дона нӯшокии спиртии бе тамғаи аксизӣ ошкор ва мусодира гардид.

Муфассал ...

Асоси фаъолият

   Кормандони мақомоти ҳудудии андоз дар вилояти Хатлон гузаронидани назорати камералиро асоси кори худ қарор дода, пайваста мекӯшанд дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст оваранд.

Муфассал ...

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF