wrapper

Хабарҳо

   Басо рамзист, ки агрегати якуми НБО «Роғун» 16 ноябр – дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор андохта мешавад.

   16 ноябри соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ мепайвандад, ки он дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд. Дар ин рӯзи фархунда чархаи аввали иншооти бузурги аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад.

   Ҳанӯз 29 декабри соли 2016 дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозер, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро дигар карда, обро тариқи нақбҳои азими обгузар равона сохтанд ва ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд. Пешвои миллат он рӯз чунин зикр намуданд: «Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан- мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад».

   Неругоҳи барқи обии «Роғун дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр дар ҷаҳон баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт- соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.

   Оғози корҳои барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Роғун», Бунёди неругоҳҳои барқи обии «Сангтуда 1» ва «Сангтуда 2», оғози татбиқи лоиҳаи КАСА – 1000, таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 – киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии «Лолазор», Хатти интиқоли барқи баландшиддати 220- киловолтаи «Лолазор, Хатлон», Зеристгоҳи барқии «Хатлон», Хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 – киловолтаи «Ҷануб- Шимол», ба истифодадиҳии навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии 2-и Душанбе бо иқтидори 100 мегаватт, идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии 2-и Душанбе бо иқтидори 300 мегаватт аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст.

   Бояд зикр кард, ки иншооти «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он, дар ҳақиқат, мета­вонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои нав таъмин шавад.

   Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои минтақавиро, бахусус, бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша дар мадди аввал мегузорад ва чунин муносибатро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот мешуморад.

   Вобаста ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш таъкид намуда буданд: «Ба халқҳои бародари Осиёи Марказӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки халқи тоҷик дар давоми асрҳои зиёд бо ҳамсояҳои худ дар фазои оромиву осоиш ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ зиндагӣ кардааст. Бо масъулияти тамом иброз медорам, ки мо бо идомаи ин анъанаи неки ниёгонамон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ бе об намегузорем».

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати ду­рандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми мамлакат ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамоянд. То имрӯз дар Тоҷикистон роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбу иншооти гидроэнергетикӣ бунёд шудаанд, ки аксари онҳо аҳамияти минтақавӣ доранд ва ба манфиати Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя равона гардидаанд.

   Дар маҷмӯъ, бунёди НБО «Роғун» барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузург буда, чархаи нахустини ин иншоот 16 ноябр ва чархаи дуюмаш дар моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода мешавад.

   Бамаврид аст зикр кунем, ки ҳанӯз дар оғози давлатдории навин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари тараққикардаву пешрафта, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба ҳайси се ҳадафи стратегӣ дурнамои фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли кишвар муқаррар намуданд. НБО «Роғун» орзуву омоли халқи тоҷик буд, ки бунёди онро тамоми халқи тоҷик дар дил мепарварид. «Роғун» ҷабҳаи созандагӣ ва номусу ифтихори миллати тоҷик аст. «Роғун» бо обилаи кафи дасти фарзандони ин миллат ва албатта, бо сарварии Пешвои миллат сохта мешавад.

   Таърихи тамаддуни инсонӣ таърихи ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои алоҳидаест, ки тавонистаанд ба ин раванди дурудароз асос гузоранд. Аз ин нуқтаи назар, нақши таърихсози шахсиятҳо дар ташаккули миллатҳо ва давлатҳо мавқеи асосӣ доранд. Дар ин радиф, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Ҳамчун шахсияти бузурги таърихӣ ниҳоди ташаккулдодаи сарварии онҳо намунаи беҳтарини мактаби худшиносӣ, мардонагӣ, шуҷоатмандӣ ва нангу номуси ватандорист.

   Вақт нишон дод, ки ягон зуҳуроту падида наметавонад Пешвои миллатро аз роҳи созандагӣ баҳри миллаташ баргардонад. Ҳар ҳадафе, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро интихоб намудаанд, ба он ҳатман муваффақ шудаанд. Ҷавонии худро фидои Тоҷикистон ва мардуми он намуданд. Сидқан дӯст доштани Ватан ва миллатро ба ҳама бо амали хеш омӯхтанд. Устуворӣ дар роҳи ба даст овардани мақсад, иродаи матин ва рӯҳафтода нашудан дар назди мушкилиҳо, ҷасорат дар иҷрои амал накутарин хислатҳое ҳастанд, ки тавассути онҳо Пешвои миллат дар шароити пурталотуми ҷомеаи ҷаҳонӣ киштии давлатдории моро беосеб ба пеш бурда истодаанд. Сарвари давлат қадам ба қадам ҷомеаро ба қуллаи мурод наздик менамоянд, ки яке аз намунаҳои беҳтарини он бунёди НБО «Роғун» мебошад.

   Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи тоҷик ба дастовардҳои азим ноил гардид . Асоситарин дастоварди давлат ва халқи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки бо тадбиру талошҳои ӯ давлатдории миллати тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Мардум ба ваҳдати миллӣ расид.

   Дастовардҳо боис гаштанд, ки зарурати ҳаётии давлату миллат ба таври устувор таъмин шуда, масъалаи наҷоти миллӣ роҳи ҳалли худро ёбад. Дар ин раванди мураккаби таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти дорои хусусиятҳои баланди роҳбарӣ зуҳур карда, ба таври табиӣ ба пешвои мардумӣ табдил ёфт. Ин дастоварди бунёдии тамоми мардуми Тоҷикистон буд.

   Азму талошҳои Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки Тоҷикистон, ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Сиёсати «дарҳои боз», ки заминаи он маҳз аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, ҳамчун як консепсияи амалгароёна, мутавозин ва сулҳомез натиҷаҳои назаррас дода, обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ хеле боло бурд.

   Ваҳдати миллӣ бо паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа алоқамандӣ дорад: ҳам бо сиёсат, ҳам бо иқтисоду иҷтимоъ, ҳам бо тарбияву фарҳангу маънавиёт, ҳам бо ҳолати рӯҳии аҳли ҷомеа. Маҳз баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар мамлакат, яъне аз соли 1997 пастравии нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ боздошта шуд. Баъдан ба Ҳукумати Тоҷикистон муяссар гардид, ки вазъиятро сол аз сол ба эътидол оварда, аз соли 2000- ум ба рушди тадриҷии иқтисоди миллӣ оғоз намояд. Ҳамин тавр, рукнҳои муҳими давлатдорӣ барпо шуданд, ки имрӯз якҷоя баҳри таҳкими давлати Тоҷикистон саъю талош доранд.

   Баробари пойдор гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, паст фуровардани буҳрони сиёсӣ ва бунёду эҳёи суннатҳои миллӣ, мардуми некандеши тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат, сарвари хирадманду ҷасур, вориси воқеии ниёгон дарёфт ва дӯст дошт.

   Ногуфта намонад, ки ҳамаи дастовардҳои мо дар самти рушди соҳаи энергетика ва умуман дар ҳама соҳаҳои ҳаёт маҳз самараи истиқлолият мебошанд ва миллати тоҷик дар фазои ваҳдату ягонагӣ ва оромиву субот ҳар рӯз дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор мегузорад.

   Агар аз мавқеи соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ назар андозем ва марҳалаҳои тайкардаи онро таҳқиқ кунем, маълум мегардад, ки дар ҳар як лаҳзаи таърихӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷои аввал меистад. Зеро бо ибтикороте, ки пеша кардааст, ӯ Тоҷикистонро натанҳо дар миёни кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ кард, балки тавонист халқи худро зери як парчами миллӣ муттаҳид намуда, ба муваффақият ноил шавад.

   Имрӯз воқеияти зиндагӣ беш аз пеш водор месозад, ки ҳар як фарди бонангу номус, ватанхоҳу ватандӯст ва ҳимматбаланду саховатпеша бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талоши худро ба хотири рушди Тоҷикистон сарф намояд ва сарзаминамонро боз ҳам маҳбубу машҳур гардонад.

   Дар маҷмӯъ, 16 ноябр дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгоҳи махсус дорад. Ин санаи фархунда дар ҳаёту рӯзгори мардуми тоҷик дубора гардиши куллиро ба миён меорад. Агар 16 ноябри аввал бо оғози Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба қалби мардум умеду итминон бахшида бошад, пас 16 ноябри дигар ба хонадони тоҷикистониён нур хоҳад бахшид.

«Боҷу хироҷ»

Последнее изменение Сешанбе, 27 Ноябри 2018
Маводҳои дигар дар ин бахш: ТАДБИРҲОИ СУДМАНД »

116 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав yeezy boost 700 Панҷшанбе, 05 Сентябри 2019 04:35 навиштааст yeezy boost 700

    I wish to show thanks to the writer for bailing me out of this setting. Just after checking through the online world and meeting suggestions which were not helpful, I assumed my entire life was over. Existing without the presence of solutions to the problems you've fixed by way of the blog post is a critical case, as well as the kind which could have badly affected my entire career if I had not encountered your blog post. The skills and kindness in dealing with all things was helpful. I don't know what I would've done if I had not come across such a solution like this. I can at this moment look forward to my future. Thanks a lot so much for this impressive and result oriented help. I won't think twice to endorse your site to anybody who desires guide on this issue.

  • Навиштани шарҳи нав supreme hoodie Чоршанбе, 04 Сентябри 2019 23:12 навиштааст supreme hoodie

    A lot of thanks for all of the hard work on this site. Ellie delights in working on internet research and it's obvious why. Most people learn all about the dynamic tactic you make good guides via the blog and in addition welcome participation from people on this situation while my daughter is always being taught a great deal. Have fun with the rest of the new year. Your doing a wonderful job.

  • Навиштани шарҳи нав hermes belts Чоршанбе, 04 Сентябри 2019 18:30 навиштааст hermes belts

    I wish to show my gratitude for your generosity supporting those people who should have assistance with your subject. Your real dedication to passing the message along had become amazingly significant and has all the time permitted some individuals like me to attain their desired goals. Your own important hints and tips implies this much a person like me and even further to my office workers. Warm regards; from everyone of us.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF