wrapper

Хабарҳо

Кохи бузурги  нури миллат

    “Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

   Дар ҷаҳони муосир иншоотҳое арзи вуҷуд менамоянд, ки барои ин ва ё он мамлакат на танҳо сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва сарбаландию сарфарозӣ, балки мояи ифтихори имрӯзу фардои мардуми заҳматпеша ва рӯи сурхи ҳар як сокини бонангу номуси он мебошанд. Чунин иншооти таърихӣ барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Неругоҳи барқи обии «Роғун» буда, бо ташаббуси бевосита ва заҳматҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, яъне агрегати якуми он 16 ноябри соли 2018 - дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд.

Муфассал ...

КОРКАРДИ ҒАЛЛА КАМ ШУД?

   Чи тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2016 дар 25 корхонаи коркарди гандуми вилояти Суғд дидбонгоҳҳои назорати андозӣ гузошта шуда буданд.

Муфассал ...

   БОҶ БАРОИ ТЕЛЕВИЗОР

  Дар замони рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва техникаи муосир баъд аз мутолиаи чунин хабар сокинони кишварамон, албатта, ангушти ҳайрат мегазанд, зеро телевизори сиёҳу сафед кайҳо аз байн рафта, ҷойи онро дар зиндагиашон телевизорҳои наву замонавии ранга гирифтаанд. Аммо дар кишвари мутараққии Британияи Кабир истифодаи телевизори сиёҳу сафед то ҳол як ҳодисаи муқаррарӣ аст. Сабаб чист?

Муфассал ...

ТАДБИРҲОИ СУДМАНД

   Бо супориши сардори Раёсати андоз дар ВМКБ бо мақсади ба танзим даровардани андоз аз воситаҳои нақлиёт ва таъмин кардани ронандагони мошинҳои мусофирбар бо патент дар шаҳри Хоруғ санҷиши навбатӣ доир шуд.

   Воқеан, дар чанд соли охир масъалаи таъмини ронандагони мусофирбар бо патент ва ба қайд гирифтану аз қайд баровардани воситаҳои нақлиёти мусофиркаш барои кормандони нозироти андози шаҳр мушкилиҳо эҷод мекард. Кор то ба ҷое расид, ки ягон ниҳод ва ё муассисаи марбута оид ба шумораи нақлиёти гуногунтамға маълумоти дақиқ дар даст надошт. Ҳарчанд садҳо мошинҳои сабукраву боркашон дар давоми 30 соли охир аллакай ба оҳанпора табдил ёфта бошанд ҳам, вале аз қайди бозрасии давлатӣ бароварда нашуда буданд ва ҳамчун андозсупоранда ба шумор мерафтанд.

   Нозироти андоз ҳангоми таҳияи нақша ин гурўҳи “андозсупорандагон”- ро низ ба инобат мегирифт, ки ин иштибоҳ боиси иҷро нашудани нақша мегардид. Моҳи сентябри соли равон ҳангоми сафари навбатии Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқот бо сокинони шаҳри Хоруғ аз фаъолияти ниҳодҳои гуногуни давлатӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба онҳо супориш дод, ки дар муддати як моҳ тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонунро дар шаҳри Хоруғ ба низом дароранд.

   Камбудии ҷиддӣ дар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз қайди давлатӣ саркашӣ намудани баъзе аз ронандагон ба мушоҳида расид. Ба мақсади аз байн бурдани ин камбудиҳо ва таҳкими волоияти қонун ситоди байниидоравӣ таъсис дода шуд, ки раёсати андози вилоят низ шомили он гардид. Дар ин муддат кормандони нозироти андози шаҳр низ дар ҳамкорӣ бо Бозрасии давлатии автомоболии Шуъбаи корҳои дохилии шаҳр дар амалиёти “Тартибот” ширкат намуда, дар давоми як моҳи охир 16 нафар ронандаи мошинҳои мусофирбарро, ки бидуни патент ба интиқоли мусофирон машғул буданд, ошкор карда, ба онҳо ҳамчун соҳибкори инфиродӣ патент дода шуд.

   Тадбирҳои судманд имконият доданд, ки нозироти андози шаҳр нақшаи андоз аз воситаҳои нақлиётро дар моҳи октябр 200 фоиз таъмин кунад.

   Яке аз омилҳои дигари иҷрои нақшаи ин намуди андоз корҳои фаҳмондадиҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар айни ҳол худи шахсони воқеӣ довталабона ба бинои нозироти андоз омада, худро сабти ном мекунанд ва ё доир ба дигар масъалаҳои марбут ба пардохти андоз маслиҳат мепурсанд.

Фахриддин МУҲИДДИНОВ,

садори нозироти андоз дар шаҳри Хоруғ

Муфассал ...

НУР

   Басо рамзист, ки агрегати якуми НБО «Роғун» 16 ноябр – дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор андохта мешавад.

   16 ноябри соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ мепайвандад, ки он дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд. Дар ин рӯзи фархунда чархаи аввали иншооти бузурги аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад.

Муфассал ...

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF