wrapper

Хабарҳо

Душанбе, 07 Январи 2019 00:00

ТЭТ ҲНИ АЗ ҶАВОНОН ЧӢ МЕХОҲАД?

Муаллиф: 
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

   Мулоҳизаҳои сардори шуъбаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим

   Вақтҳои охир чунин ба мушоҳида мерасад, ки роҳбарону иддае аз пайравони ташкилоти террористию экстре­мистии ҲНИ аз сабаби дарки заъфи худ дар роҳи рақобатҳои сиёсӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “умеди охи­рин” ва “минбари беминнат” суистифода мекунанд.

   То ҳол наҳзатиён аз ҳимояи ислому ҳифзи арзишҳои исломӣ сухан мегуфтанд , аммо якбора пӯстини худро чаппа пӯшида “демократияхоҳ” гаштаву шиорҳои тамоман наверо барои худ интихоб карда­анд. Сабаби ин тасмими онҳо маълум аст. Ҳоло Ав­рупо баъди даҳҳо ҳодисаҳои террористӣ дар хоки ин сарзамин, фаъолиятҳои тахрибкоронаи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки ҳамагӣ бо номи ислом ва “дар роҳи ислом” анҷом дода шуданд, дар муноси­бат бо раванде чун ТЭТ ҲНИ муносибати эҳтиёткорона нишон медиҳад. Кабириву ҳаммаслаконаш дарк кар­данд, ки ТЭТ ҲНИ ҳамчун ҷараёни дингаро дигар наме­тавонад бо он барномарезӣ ва ҳадафҳое, ки дар асоси оинномаи худ дорад, дар марзи Аврупо фаъолият дошта бошад. Таъсиси “Пай­мони миллӣ” аз ҷониби чанд тан аз пайравони худи ТЭТ ҲНИ гувоҳи ин гуфтаҳост.

   Аслан, ҳар гуна тағйири ниқоб аз ҷониби наҳзатиҳоро ҳамчун ҳодисаи нав қабул кардан шояд чандон дуруст нест, зеро онҳо дар тӯли фаъолияти худ ҳатто се ма­ротиба мавқеи имонии худро тағйир додаанд…

    Аз ин хотир, ҳоло мехоҳанд, ҳадафҳои ифротии худро, ки таблиғи мазҳаби шиаи дувоздаҳимома ва марҳила ба марҳила ташак­кули ғояи инқилоби исломӣ мебошад , бо роҳҳои ди­гар ва номҳои нисбатан “за­монавитар” амалӣ созанд. Ташкили чунин “ҳамоиш”-у “гирдиҳамоиҳо” ҳам танҳо ба хотири ҳисобот, ба он хотир аст, ки маблағгузорону хоҷагони молиявию ғоявии худро бовар кунонанд, ки наҳзат фаъолият карда ис­тодааст.

   Чунин нишасти шарман­даворро ТЭТ ҲНИ имсол дар шаҳри Дортмунди Олмон низ баргузор карда буд. Аз аксҳои интишоршуда аз рафти нишасти Дортмунд наҳзат мушоҳида мешуд, ки он дар як ошхона баргузор шудаву иштирокдоронаш ҳам ҳамагӣ аҳли оила ва назди­кони Кабирӣ буданд. Ҳатто дида мешуд, ки кӯдакони ноболиғи 8-10 сола дар раф­ти ин “ҳамоиш” гаштугузор доранд. Ба назар, аслан он ҳамоиш набуд, балки шояд наҳзатиён ба ошхонае ба­рои хӯрокхӯрӣ даромадаву онҷо чанд акс бардоштаанд ва дар ҳисоботҳои худ онро “ҳамоиш” дарҷ кардаанд.

   Ҳоло ки бори дигар ТЭТ ҲНИ бо иддаоҳои беасосе мехоҳад тоҷикони муқими Аврупоро ба “тазоҳурот” даъват намояд, ҳамватанони азизи моро мебояд жарфтар аз ҳадафҳои шуми ин таш­килоти ифротию террористӣ биандешанд. Андеша аз он кунанд, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар хориҷ домест, ки раҳоӣ аз он кори басо мурак­кабу сахт аст. Андеша аз он кунанд, ки ТЭТ ҲНИ парвое аз тақдири онҳое, ки дар роҳи фаъолиятҳои тахриб­коронаи ин ҳизби ифротӣ қурбон шудаанд, надорад. Ҳамагӣ чанде пеш дар Ол­мон яке аз фаъолони ТЭТ ҲНИ Муҳаммадсаид Шехов, нафари наздик ба хонаво­даи муассиси ин ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дур аз Ватану оилаву пайвандон аз дунё гузашт. Магар аз ин муси­бат Кабириву сағириҳое ғам хӯрданд? Ҳаргиз не!. Кабирӣ, ки аз Нурӣ “устод” ном меба­рад, ҳатто марги хоҳарзодаи устодашро ба хонаводааш таслият нагуфт.

   Аз Кабирӣ танҳо ҳамин гуна муносибатро интизор шудан мумкин аст. Аз нафаре, ки барояш чизе муқаддас боқӣ намондааст, на Ватан, на падару модар ва на оила…

Абдуғаффор ЮСУФОВ,

сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ

ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин,

танзими анъана ва ҷашну маросими назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хондан 250 маротиба Последнее изменение Душанбе, 07 Январи 2019 05:44

40 Шарҳҳо

  • Навиштани шарҳи нав christian louboutin Сешанбе, 20 Августи 2019 11:52 навиштааст christian louboutin

    I would like to express appreciation to you just for bailing me out of such a incident. Just after scouting throughout the the web and getting strategies which are not productive, I believed my entire life was over. Existing minus the answers to the problems you have sorted out as a result of your good site is a crucial case, and ones which could have negatively damaged my career if I hadn't come across the blog. Your own understanding and kindness in playing with everything was excellent. I am not sure what I would have done if I hadn't come across such a subject like this. I can also now look forward to my future. Thank you very much for this reliable and result oriented guide. I won't think twice to refer the website to any individual who needs to have guide on this situation.

  • Навиштани шарҳи нав yeezy shoes Сешанбе, 20 Августи 2019 03:31 навиштааст yeezy shoes

    My husband and i got so more than happy that Peter managed to round up his preliminary research using the precious recommendations he received while using the weblog. It's not at all simplistic just to continually be making a gift of concepts that many people have been making money from. And now we fully understand we now have the blog owner to appreciate for that. These illustrations you have made, the easy blog navigation, the friendships you make it possible to create - it's got most impressive, and it is leading our son and our family believe that this idea is cool, which is certainly particularly essential. Many thanks for everything!

  • Навиштани шарҳи нав christian louboutin Душанбе, 19 Августи 2019 21:47 навиштааст christian louboutin

    Thanks a lot for providing individuals with an extremely special possiblity to discover important secrets from this website. It's always very beneficial and as well , stuffed with a good time for me and my office mates to search your website a minimum of thrice per week to learn the new issues you will have. And lastly, we are certainly happy with your incredible things you give. Selected 3 areas in this posting are really the best we have ever had.

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF