Мулоҳизаҳои сардори шуъбаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим
Вақтҳои охир чунин ба мушоҳида мерасад, ки роҳбарону иддае аз пайравони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ аз сабаби дарки заъфи худ дар роҳи рақобатҳои сиёсӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “умеди охирин” ва “минбари беминнат” суистифода мекунанд.
- МАЗО МО МАЗО
«Гузашт он чи гузашт».
Аз гузаштаи Муҳиддин Кабирӣ ҳарфи зиёде намегӯям, зеро саргузашташ сар надорад. Миёни як ҳизби сиёсии собиқадорро бишкаст. Даҳҳо нафар кушта ва зиндон шуданд. Садҳо нафар хонахез рӯ ба муҳоҷират оварданд. Агар Кабирӣ инсоф медошт ҳатман истеъфо медод. На он истеъфоҳои пуркарашма ва барои худнамоӣ, ки соли гузашта дар чанд маҷлиси раёсати наҳзат аз забони ӯ садо дода буд. Ӯ дигар куҷо хоҳад ёфт ин биҳиштро? Пули бедардимиён, лаббайкзании тамаллуқпешагон, саногӯии косалесон, таъзими соддадилон, рағбати бонувон. Ин ҳам навъе аз гирифторӣ ва мӯътодист.
Ватан, модар, миллат ин вожаҳо мафҳумҳое мебошанд, ки таҷассумгари меҳру муҳабат, садоқату матонат, нангу номуси нафақат шахсеро, балки дар давраҳои гуногун ифодагари хусусиятҳои хислати аҷдодӣ, тамаддуну таърих ва соҳибфарҳангии ҳар як қавму миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Аъзои ТТЭ ҲНИ - Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз резахӯрони дастархони Кабирӣ аст, мақолаи навбатии иғвоангезонаеро зери унвони «Миллат бояд аз чанголи тими ҳукмрони худкамбин бираҳад» нашр кардааст, ки мисли одати пешина пур аз туҳмату буҳтон мебошад.
Албатта, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаи пур кардани буҷа дар ҳар кишваре мавҷуд аст. Аз он ҳангома сохтану мардумро ба гумроҳӣ бурдан амали нохалафону душманон мебошад. Имрӯз вазъияти иқтисодии Тоҷикистон хуб аст, ягон сабаби воҳима кардану мардумро ба таҳлука андохтанро мо намебинем. Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти худро дар тамоми самтҳо, аз ҷумла пур кардани буҷа пеш мебарад. М. Садриддин ва ҳаммаслакони наҳзатиаш метавонанд дар ин хусус беташвиш бошанд. Беҳтараш дар ғами худ бошанд, зеро дастгирии хоҷаҳои хориҷиашон доимӣ нест ва дер ё зуд дастгир мешаванд ва барои ҷиноятҳои содиркардаашон бояд ҷавоб гӯянд. Вазъиятро дурусттар дарк кардан даркор аст. Яъне миллат дар вартаи нобудӣ нест (муаллифи наҳзатӣ чунин навиштааст), ин наҳзатиҳо дар вартаи нобудӣ қарор доранд.