wrapper

Хабарҳо

Материалы отфильтрованы по дате: Декабри 2018
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Ҷумъа, 21 Декабри 2018 00:00

Озмун барои мактаббачагон

   Низоми кори мақомоти андоз дар самти омӯзиши наслҳои оянда ба дигаргунсозӣ ниёз дорад. Вазифаи мақомоти андоз натанҳо ҷамъоварии андозҳо, балки пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, ба роҳ мондани корҳои доимии фаҳмондадиҳӣ ва барои андозсупорандагон ташкил кардани бахшҳои омӯзишӣ мебошад, - таъкид гардидааст дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

   Дар асоси Фармоишҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорати иҷрои талаботи моддаҳои 50 ва 53 Кодекси андоз, риояи талаботи Стандартҳои ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон аз 12.07.2017, 316 дар мавриди қабули эъломияҳои андоз, муайян намудани сабабҳои сари вақт пешниҳод накардан ва асос¬нокии мунтазам ба таври сифрӣ, якхела пешниҳод намудани ҳисобот (эъломияҳо)-и аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор Гурӯҳи корӣ ба Нозироти андоз дар ноҳияи Шоҳмансур сафарбар гардид.

Ҷумъа, 21 Декабри 2018 00:00

Натиҷаҳои санҷиш дар шоҳроҳ

   Дар натиҷаи амалиётӣ Гурӯҳи кории Кумитаи андоз, ки дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармоиши муштараки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд сафарбар гардид, 16 нафар бо патенти соҳибкорӣ таъмин гардида, 22 нафар, ки бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъ- олияти соҳибкорӣ машғул буданд, дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуданд.

Page 1 of 13

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF

 

 

 

Copyright © 2019 bojukhiroj.tj. All Rights Reserved.