wrapper

Хабарҳо

   Мусулмонони Олмон илова ба андоз аз даромад ба андозаи 8-9% «андози серков» пардохт мекунанд

   Ҳукумати Олмон бо мақсади коҳиш додани таъ­сири Туркия, Эрон ва Ара­бистони Саудӣ ба сокинони мусулмонтабори кишвар барои масҷидҳо андоз ҷорӣ карданӣ аст. Тавре гуфта мешавад, дар Олмон ҳоло қариб 5 миллион нафар мусулмонон истиқомат до­ранд.

   Тавре нашрияи The Times навиштааст, мусулмонон дар баробари андоз аз даромад ба таври иловагӣ «андози серков» пардохт бояд ку­нанд.

   Вазири корҳои дохилии Олмон Хорст Зеехофер қайд кардааст, ки мехоҳад «таъси­ри хориҷиёнро» ба исломи Олмон аз байн барад. Ӯ инчунин мусулмононро даъ­ват намуд, ки мустақилияти ҷомеаҳояшонро дар кишвар ҳифз кунанд ва аз маблағҳои хориҷиён вобаста набошанд.

Манбаъ: http:// taxpravo.ru/novosti

Последнее изменение Душанбе, 07 Январи 2019

3658 Шарҳҳо

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF