wrapper

Хабарҳо

   Дар Instagram ба қайд гирифтан барои шахсони ҳуқуқӣ имкон фароҳам месозад, ки рекламаашонро дар он ҷойгир карда, аз даромади гирифтаашон андоз супоранд.

   Соҳибмулкони Instagram- аккаунтҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рекламаи молу хизматрасониҳояшонро ҷойгир менамоянд, бояд саҳифаҳояшонро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гузоранд. Дар ин бора муовини раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба сиёсати иттилоотӣ, технологияҳ  иттилооӣ ва алоқа Андрей Свинтсов изҳори андеша кард.

   Тавре ӯ гуфтааст, ташаббус бояд масъулияти блоггерҳоро дар мавриди рекламаи ҷойгиркардаашон баланд бардорад ва барои ғанӣ гаштани буҷет мусоидат кунад.

   «Зарур аст, ки барои шабакаҳои иҷтимоӣ талаботи ҳатмии ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифтани аккаунт ҷорӣ гардад, махсусан барои он истифодабарандагоне, ки онҳо миқдори калони обуначиён дошта, блогро аз он ҷумла бо мақсади ҷойгир кардани рекламаи молу хизматрасониҳояшон, яъне ҳамчун соҳибкор истифода мебаранд», - қайд кардааст намояндаи мардумӣ.

Манбаъ: http://taxpravo.ru/ novosti

1437 Шарҳҳо

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF