Тибқи консептсияи мукаммалсозии сиёсати андоз, онро президенти кишвар бо фармони худ 29 июн тасдиқ намудааст, дар соли 2019 имтиёзҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
- паст кардани бори андоз ба фонди пардохти музди меҳнат бо роҳи:
- ҷорӣ намудани меъёри ягонаи андоз аз даромадҳои шахсони вокеӣ дар ҳаҷми 12% ва барҳам додани пардохти суғуртапулиҳои шаҳрвандон (8% аз музди меҳнат). Ин тадбир имкон медиҳад, ки ҳаҷми музди меҳнат ба ҳисоби миёна 6,5% баланд шавад.
- то 12% кам кардани меъёри пардохти ягонаи иҷтимоӣ аз фонди пардохти меҳнат;
- Барҳам додани пардохтҳои ҳатмӣ ба фондҳои мақсадноки давлатӣ, ки аз гардиш дар ҳаҷми 3,2% рӯёнида мешаванд;
- Паст кардани меъёрҳо: андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ аз 14% то 12%; андоз аз фоидаи бонкҳои тиҷоратӣ – аз 22% то 20%; андоз аз манбаи пардохти даромад дар намуди дивидендҳо ва фоизҳо – аз 10% то 5%; андоз аз молу мулки шахсони ҳуқуқӣ – аз 5% то 2%.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидор ва аҳолӣ қариб 10 триллион сум боқӣ мемонад.
Манбаъ: https://news.mail.ru/ economics/35283530/