wrapper

Хабарҳо

   Президенти Россия Владимир Путин ба сарвазир Дмитрий Медведев супориш дод, ки воқеияти болоравии бори андозии шаҳрвандонро санҷад.

   «Тавре шумо медонед, ман чанде пеш бо роҳбари Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Россия Шмаков Михаил Викторович мулоқот доштам. Ба анде­шаи Иттифоқи касаба, бори фискалӣ ва квазифискалии аҳолӣ баланд шуда истодааст», - гуфт Путин дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш ва супориш дод, ки бори андозии аҳолиро аз рӯи соҳаҳо ва минтақаҳо санҷанд.

   Хотиррасон мекунем, ки аз 1 январи соли 2019 оғоз карда дар Россия Андози арзиши иловагӣ аз 18% то 20% баланд мешавад. Ба андешаи мухолифони чунин болоравии андоз, бизнес хароҷоташро ба души харидорон мегузорад, бо ҳамин сабаб меъёри баланд­шудаи андозро шаҳрвандон пардохт мекунанд. Илова бар он, моҳи октябр Думаи давлатӣ ҷорӣ гаштани таҷрибаи андозбандии одамони худкорро дастгирӣ намуд. Муқаррароти мазкур низ аз 1 январи соли 2019 амал мекунад.

https://news.mail.ru/tag/431/

Последнее изменение Чоршанбе, 05 Декабри 2018

1681 Шарҳҳо

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF