wrapper

Хабарҳо

   Тибқи маълумоти Кумитаи андоз бақияи қарзи андозҳо дар Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат ба ҳолати 1-уми октябри 2018-ум 13,4 миллион сомониро ташкил медиҳад ва он нисбат ба аввали соли ҷорӣ 94 ҳазор сомонӣ кам шудааст. Дар ин давра шумораи ан¬дозсупорандагони қарздор ба 1454 нафар расидааст. Шумораи онҳо нисбат ба аввали соли равон 70 адад кам гардидааст.

   Бо мақсади расонидани кӯмаки амалӣ дар таъмини иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, кам наму­дани бақияи қарзи андозҳо ва шумо­раи андозсупорандагони қарздор, татбиқи моддаҳои 600, 620, 623-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъ­мурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Гурӯҳи корӣ ба Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат сафарбар гирдид.

   Афзоиши қарзҳо аз ҳисоби фоизу ҷаримаҳо

   Тибқи гуфтаи сардори Раёсати ситонидани қарзи андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокир Қурбонов аз маблағи умумии қарзи андозҳои мақомоти ҳудудӣ 4,6 миллион со­мониаш маблағҳое мебошанд , ки дар натиҷаи ҳисоб намудани фоизу ҷаримаҳои иловагӣ пайдо гардидаанд. Инчунин, 2,9 миллион сомонӣ ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ (санҷиши ҳуҷҷатии маҷмӯии андоз) ба вуҷуд омадааст. Аз ин 525,8 ҳазор сомониаш бақияи қарзи 2 адад ширкатҳои фаъолия­ташон моҳияти иқтисодинадошта, яъне ширкатҳои “якрӯза” мебошанд. Дар баробари ин, Гурӯҳи корӣ муай­ян кард, ки 930,4 ҳазор сомонӣ ба 81 адад муассисаи давлатӣ (соҳаи маориф), 1,7 миллион сомонӣ ба 4 адад корхонаи ба фаъолияти хизматрасониҳои тиббӣ (соҳаи тандурустӣ), 1,8 миллион сомонӣ ба 3 адад корхона ва ташкилотҳои давлатӣ (корхонаҳои зертобеи КВД “Хоҷагии манзилию комуналӣ” ва Агенти беҳдошти замин ва обёрӣ) мансуб аст.

   Ҳолатҳои иҷрои қарорҳо

   Аз ҷониби мақомоти ҳудудии андоз бо мақсади кам намуда­ни бақияпулиҳои андоз ва анде­шидани чораҳои пешбинишудаи қонунгузории андоз дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ нисбати 119 андозсупорандаи қарздор дар бо­раи маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи умумии 12,4 миллион сомонӣ 185 қарор қабул шудааст. Аз ин ҳисоб ба буҷет 5,8 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки 47,6 фоизи маблағи умумии қарорҳои қабулгардидаро ташкил медиҳад.

   Дар баробари ин, аз ҳисоби 30 қароре, ки дар соли 2017 нисбати 18 адад андозсупоранда ба маблағи 4,9 миллион сомонӣ қабул гардида, як қисмати он иҷро нагардида буд, ба соли 2018 гузаронида шуд. Дар соли 2017 аз ин қарорҳо 2,0 миллион сомонӣ ба буҷет таъмин гардидаасту халос. Аниқтараш, то ин муддат аз ҳисоби қарорҳои соли 2017 ва даҳ моҳи соли 2018, дар маҷмӯъ, 8,8 миллион сомонӣ ба буҷет ворид гар­дида иҷрои 118 қарор пурра таъмин гардидааст.

   Тавре ки Зокир Қурбонов қайд намуд, вазъи иҷрои қарорҳо дар ин самт чандон хуб нест. Дар ин давра ҳарчанд нисбати як қатор андозсупорандаҳои қарздор оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо қарорҳо қабул гардидаанд, аммо иҷрои онҳо пурра таъмин на­шудаанд. Танҳо аз ҳисоби қарорҳое, ки дар давраи сафари Гурӯҳи корӣ қабул гардида буд, маблағи 354,9 ҳазор сомонӣ ва аз қарорҳое, ки қаблан қабулшуда буданд, 556,4 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 911,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет таъмин шудааст.

   Камшавии қарз

   Бояд қайд кард, ки дар моҳи ок­тябри соли ҷорӣ, бевосита аз ҷониби Гурӯҳи корӣ дар натиҷаи татбиқи чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ва ба роҳ мондани дигар чораҳои таъсиррасонӣ, нисбати андозсупорандагоне, ки маблағи бақияи қарзашон нисбатан зиёд аст, пайваста чораҷӯи шудаанд.

   Аз ҳисоби ҶДММ “Амал Сохт- мон” маблағи 100 ҳазор сомонӣ, ҶСП “Ҳофиз - 2015” 130 ҳазор сомонӣ, КВД “Лоиҳакашию истеҳсоли меъморӣ ва банақшагирӣ” 33,2 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Амр” 10 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Фарҳоди Ваҳдат” 30 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Ворисони Аваз 500” 150,9 ҳазор сомонӣ, ҶСК “Заводи таъмири механикӣ” 200 ҳазор сомонӣ, КВ “Экспедитсияи гидрогеологии шаҳри Ваҳдат” 73,3 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Сафина 2010” 13,4 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Авлиёхуҷа” 49,5 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Аҳмадҷон А” 43 ҳазор сомонӣ, Ташкилоти ғайридавлатии “Сайёр” 14,7 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Корафзо” 90 ҳазор сомонӣ, ҶСК “Муассисаи нақлиёти 28” 22,7 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Парастор-2014” 9,2 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Ширкати тиҷоратии Сайёд” 50 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Сафол 2010” 6 ҳазор сомонӣ, КВД “ИБДЗО” 15 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Шаҳроми К” 23,3 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Сорбон сервис прокат” маблағи бақияи қарзи андоз рӯёнида, ба буҷет ворид карда шуд.

   Огоҳинома - чораи таъсиррасон

    Яке аз чораҳои таъсиррасон ва ибтидоии маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, тибқи талаботи қисми 3-и моддаи 72 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ир­соли огоҳиномаҳо ба андозсу­порандагони қарздор мебошад. Вале, ҳарчанд таҳияи огоҳиномаҳо ба воситаи барномаи компюте­рии «Идоракунӣ ва мониторинги қарзи андозҳо» роҳандозӣ шу­даю фаъолияти мақомоти андоз дар ин самт осонтар гардидааст, боз ҳам, аз ҷониби кормандони шуъбаҳои хизматрасонӣ ба андоз­супорандагон талаботи Кодекси андоз ва «Дастури методӣ дар бо­раи татбиқи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо» оид ба пешниҳоди огоҳинома ба андозсупоранда хуб риоя намегардад. Гурӯҳи корӣ дар давраи фаъолияти худ ба суроғаи 90 андозсупорандаи қарздор огоҳинома фиристод, ки маблағи умумии он ба 812,9 ҳазор сомонӣ баробар мебошад. Дар ин давра, аз ин ҳисоб танҳо 379,5 ҳазор сомонӣ вориди буҷет гардидааст.

   Қонуншиканӣ ва ҷаримаҳо

   Тавре ки сардори Раёсати сито­нидани қарзи андозҳо З.Қурбонов иброз дошт, Гурӯҳи корӣ дар давраи сафари кории худ барои сари вақт пардохт накардани маблағи андози иҷтимоӣ ва инчунин, иҷро накардани талаботи қонунгузорӣ, яъне пардохт накардани саривақтии бақияпулиҳои андоз, дар асоси моддаҳои 600 ва 620 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъ­мурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 10 адад андозсупоранда ҷаримаҳои маъмурӣ тартиб дод. Нисбати 6 адад андозсупоранда тибқи моддаи 600 Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ба маблағи 14,5 ҳазор сомонӣ татбиқ гардид, ки 5,5 ҳазор сомонии он дар ин давра ба буҷет таъмин гардидааст.

   Ҳамзамон, дар ин давра бо мусо­идати Гурӯҳи корӣ бо 168 андозсупо­ранда санади муқоисавӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа аз бақияи қарзи андозҳо ба маблағи 168,1 ҳазор сомонӣ ва изофапулиҳо маблағи 32 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

   Аз ин рӯ, кормандони Нози­роти андоз дар шаҳри Ваҳдатро зарур аст, ки корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро миёни андозсу­порандагон бештару хубтар ба роҳ монанд, то ки андозсупорандаҳо аз ин хулосаи даркорӣ баровар­да, дигар ба қонуншиканиҳо роҳ надиҳанд.

Фирдавси АБДУРАҲМОН

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF