wrapper

Хабарҳо

   Дар натиҷаи амалиёти Гурӯҳи корӣ, ки дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд гузашт, 6900 дона нӯшокии спиртии бе тамғаи аксизӣ ошкор ва мусодира гардид.

   Санҷиши амалиётӣ бо мақсади назорати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи бақайдгирии давлатии шах­сони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи тасдиқи қоидаҳои андоз­банбандии соҳибкорони инфи­родие, ки дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолият мена­моянд», аз 31.08.2012 №451, ин­чунин, санҷиши дурустии ҳисоб ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт, ҳолати бақайдгирӣ ва аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаштани воситаҳои нақлиёт, назорати ҳуҷҷати авва­лияи муҳосибӣ (ҳуҷҷати харид) ва бо дарназардошти муҳим будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи моли интиқолдодашуда аз тара­фи соҳибони бор ва воситаҳои нақлиёт дар якҷоягӣ бо корман­дони шуъбаҳои Раёсати Боз­расии давлатии автомобилии Вазорати корҳои до­хилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Фармони муштараки Куми­таи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.09.2014, №2Ф ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.09.2014, №602 гузаронида шуд.

   Тавре роҳбари Гурӯҳи корӣ - сармутахассиси шуъбаи назорати фаврии Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи ан­дози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қутбиддинов гуфт, Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби андозҳои иловагии ҳисобшуда ва бақияи қарзи андозҳо 2,8 млн. сомонӣ ба буҷет ворид намуда, нисбати 57 адад андозсупоранда барои вай­рон кардани қонунгузории андоз ба маблағи 228,0 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гар­дида, аз ин ҳисоб 151,0 ҳазор со­монии он ба буҷет пардохт шуда­аст. Инчунин, 6900 дона нушокии спиртии бе тамғаи аксизӣ ошкор ва мусодира шуда, бинобар саба­би ба талабот ҷавобгӯ набудан ба КВД «Комбинати Хурокворӣ»-и шаҳри Душанбе барои аз нав коркард намудан супорида шуд.

   А. Қутбиддинов қайд на­муд, ки ҳангоми санҷиши дуру­стии ҳисоб ва пардохти андозҳо аз ҷониби андозсупорандаго­не, ки молу маҳсулоти худро тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд интиқол медиҳанд, ҳолатҳои пинҳон намудани ман­баи андозбандӣ ошкор гарди­да, аз ин ҳисоб 1550,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид. Аз ҷумла, барои иҷро накардани уҳдадориҳои андозӣ аз ҳисоби ҶДММ «Наргис 2016» 250,0 ҳазор сомонӣ ва ҶДММ «Осмон А» 190,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет пардохт шуд.

   Ҳамчунин, аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳои андозсупоран­дагоне, ки дар давраи санҷиш молу маҳсулоти онҳо тавассути шоҳроҳи мазкур интиқол гардид, ба маблағи 1 300,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шуд. Аз ҷумла, бақияи қарзи андоз аз ҳисоби ҶДММ «Сидра» 290,0 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Тиҷорат Алянс» 300,0 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Дав­рон И» 200,0 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Амонҷон 2» 50 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.

   Ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибӣ (ҳуҷҷати харид) дар фаъолияти 11 адад андозсупоранда вайронкунии қонунгузории андоз ошкор гар­дида, онҳо ба маблағи 71,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, 55,0 ҳазор сомонии он ба буҷет пардохт гардид. Аз ҷумла, нисбати ҶДММ «Умар 2015» ба маблағи 15,0 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Дав­рон И» ба маблағи 9,0 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Кишвар 2016» ба маблағи 4,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет пардохт карда шуд.

   Бо мақсади назорати иҷрои талаботи қонунгузории андоз дар самти бақайдгирии давлатӣ 26 ҳолати бидуни бақайдгирии давлатӣ фаъолият намудани ро­нандагони мошинҳои боркашро ошкор намуда, нисбати онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 53,0 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуд, ки аз ин ҳисоб маблағи 29,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет пардохт гардид. Барои пардохти маблағҳои боқимонда чораҷӯӣ идома дорад.

   А. Қутбиддинов илова намуд, ки Гурӯҳи корӣ 6900 дона нушо­кии спиртии бе тамғаи аксизӣ, ки ба шаҳрванд Алишер Бобоҷонов тааллуқ дошт, ошкор ва мусо­дира карда, баъди хулосаи рас­мии Агентии стандартизатсия, метралогия, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқ набудан ба талабот, ба маблағи 14,2 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардид.

   Бо дарназардошти камбудиҳои ошкоргардида, Гурӯҳи корӣ пешниҳод намуд, ки нисбати ҶДММ “Ланит”, ҶДММ “Ҳофиз 2015”, ҶДММ “Суруш 77”, ҶДММ “Ороиш 2015”, ҶДММ “Беҳруз 85” ва ҶДММ “Адл” санҷиши маҷмӯии андоз ва на­зорати камералӣ гузаронида шавад.

   Хулоса, санҷиши амалиётии андоз нишон дод, ки қонунвайронкуниҳои андоз, асосан, аз бемасъулиятии баъзе аз андозсупорандагон ба вуқӯъ омада, далели он аст, ки фарҳанги андозсу­пории бархе аз андозсу­порандагон мутаассифона ҳанӯз ҳам дар сатҳи паст қарор дошта, муқаррароти қонунгузории андоз аз ҷониби онҳо риоя намегар­дад. Аз ин рӯ, ҳар як андоз­супоранда бояд дарк намо­яд, ки ҳар қонуншикание, ки аз ҷониби ӯ рух медиҳад, дер ё зуд ҳатман ошкор хоҳад шуд. Онҳо бояд, ки қонунгузории андозро ду­руст риоя намоянд.

М. ҶУМЪА

Матни шарҳи шумо…

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF